Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиё бо 4 медал бармегардад


Тими Тоҷикистон аз Бозиҳои 16-уми Осиё дар маҷмӯъ бо 4 медал – як нишони тило ва 3 биринҷӣ - бармегардад. Ин мусобиқот аз 12 то 27 ноябр дар Гуанҷоуи Чин идома дошт.
Нишони тилоро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овард. Гуштигирон Расул Боқиев ва Мурод Тӯйчиев ва муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар ин мусобиқот соҳиби ҷойҳои севвум ва нишонҳои биринҷӣ шуданд.
Аз Тоҷикистон дар Бозиҳои 16-уми Осиё дар маҷмӯъ 62 варзишкор дар 16 навъи варзиш намояндагӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG