Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ин ҳафта ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон бо як силсиласафар роҳии Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс хоҳад шуд. Сухангӯи ин вазорат Филлип Кровлӣ гуфт, хонум Клинтон ин сафарашро рӯзи панҷшанбе аз дидори Қазоқистон шурӯъ карда, ба ҳайси раҳбари ҳайъати Амрико дар нишасти САҲА ширкат мекунад. Мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва вазири хориҷааш Қаноат Савдобоев низ дар назар аст. Ба дунбол, вазири хориҷаи Амрико аз Қирғизистону Узбакистон низ дидан карда, охирин нуқтаи силсиласафараш Баҳрайн, аз кишварҳои халиҷи Форс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG