Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти Порис аз суботи евро


Давлати Фаронса гуфт, 85 миллиард евро кумаки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул (СБП) ба иқтисоди буҳронии Ирландия бозорҳои молиро ҷиҳати суботи пули воҳиди Аврупо итминони хотир хоҳад дод. Вазири будҷаи Фаронса Франсуа Барон гуфт, Фаронсаву Олмон ба ҳифзи евро мутақоид буда, нахоҳанд гузошт, ки он гаравгони бозорҳо шавад. Барон афзуд, буҳрони қарзҳо дар Аврупо барои Фаронса “ягон таҳдид ё хатар” надорад. Дар моҳи май ИА ва СБП ба Юнон низ 110 миллиард евро кумак ироа карданд.
XS
SM
MD
LG