Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯъиқасд ба ҷони ду донишманди ҳастаии Эрон


Матбуоти Эрон мегӯяд, имрӯз таркиши алоҳидаи ду бомби монанд дар Теҳрон як донишманди маъруфи ҳастаии Эронро кушта ва якеи дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Матбуоти давлатӣ мегӯяд, ҳамлагарони савори мотосиклҳо бомбҳоро дар роҳ ба сӯи кор дохили мошинҳои ин донишмандон андохтаанд.
Як бомб мунҷар ба ҳалокати узви бахши ҳандасаи ҳастаӣ дар Донишгоҳи ба номи Алии Биҳиштии Теҳрон Маҷиди Шаҳриёрӣ ва ҷароҳат бардоштани завҷаи ӯ шуд.
Дар таркиши дуввум донишманди улуми физикаи ҳастаӣ Фаридун Аббосӣ ва ҳамсараш ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.
Хабаргузориҳои эронии “Форс” ва ИСНО “гумоштагон”-и Амрикову Исроилро масъули ин ҳамлаҳо ном бурдаанд.
XS
SM
MD
LG