Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи танишҳои лафзӣ дар нимқораи Корея


Раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Лӣ Мюнг-Пак гуфт, таҳоҷумҳои баъдии Кореяи шимолӣ беоқибат нахоҳад монд. Пак гуфт, барои нокомӣ дар амри дифоъ аз атбоъи Кореяи ҷанубӣ ба ҳангоми ҳамлаи тӯпхонаии ҳафтаи гузаштаи Кореяи шимолӣ “масъулияти бузург”-ро эҳсос мекунад: “Ман ҳамчун раисиҷумҳур дар инҷо ба маҳзи нокомӣ дар роҳи ҳимояти ҳаёт ва молумулки мардумамон масъулият эҳсос мекунам. “
Бар асари ҳамлаи рӯзи 23 ноябр ба як ҷазираи Кореяи ҷанубӣ 2 сарбоз ва ду ғайринизомӣ кушта шуданд. Бо ин ҳол, ширкати киштии ҳастаии Амрико ва як киштии муқтадири ҷангии Кореяи ҷанубӣ дар машқҳои муштараки ду кишвар ҳамагӣ як ҳафта баъд аз он ҳамла иттифоқ уфтод. Аммо Кореяи шимолӣ ин машқи муштараки нирӯҳои баҳрии Амрикову Кореяи ҷанубиро “иғвои ҷиддӣ” ва “ҷиноят”-е номид, ки минтақаро “ба сӯи ҷанг” мебарад.
XS
SM
MD
LG