Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Кохи Сафед аз WikiLeaks


Вошингтон аз нашри қариб 250 000 номаи дипломатӣ дар сомонаи моҷароҷӯи WikiLeaks интиқод кард. Кохи Сафед гуфт, “чунин ифшосозиҳо ҳаёти дипломатҳои мо, маъмурони иктишофӣ ва ҳам мардумеро, ки дар саросари ҷаҳон ба хотири кумак ба ташвиқи демократия ва ҳукуматҳои боз ба Амрико муроҷиат мекунанд, зери хатар мегузорад.”
Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико низ бо интиқод аз ин иқдоми WikiLeaks гуфт: “Ман умедворам, масъулони ин амал баъзан ба онҳое ҳам биандешанд, ки ҳаёташон зери хатар меравад ва шояд бо дарки пайомадҳои ин аъмол ифшои чунин иттилоотро бас кунанд. “
Wikileaks пораҳое аз мукотиботи махфии сафоратхонаҳои Амрикоро нашр кардааст, ки аз ҷумла даъвати подшоҳи Саудӣ амир Абдуллоҳ аз Амрико ҷиҳати ҳамла ба Эрон ва хатми барномаи таслиҳоти ҳастаии он кишварро дар бар мегирад. Дар ин асноди нашршуда маълумот дар бораи равобити хеле наздики раҳбарони Русияву Итолиё Владимир Путин ва Силвио Берлусконӣ ва иртибототи давлати Русия бо олами ҷиноӣ низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG