Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Зуҳуров бо Лориҷонӣ дар Теҳрон


Раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари расмие дар Эрон ба сар мебарад, бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони он кишвар Алии Лориҷонӣ мулоқот кардааст. Лориҷонӣ дар ин гуфтугӯ Душанберо ҳамкори баландмуддати Эрон ном бурд.
Ду ҷониб хостори густариш ва таҳкими равобити ду кишвар дар соҳоти мухталиф шудаанд.
Тайи солҳои охир бо ҷалби сармояи Эрон дар Тоҷикистон чанд иншооти муҳим бунёд шудааст, ки муҳимтаринҳояш нақби Истиқлол ва нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда мебошад.
XS
SM
MD
LG