Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, то кунун феҳрасти китобҳои мамнӯъи мазҳабӣ дар Тоҷикистон таҳия нашудааст. Аз ин рӯ, онҳо гуфта наметавонанд, ки воридоти кадом номгӯи китобҳо ба Тоҷикистон иҷоза асту кадоме ғайри қонунӣ.

Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин мегӯяд, аз вуруди адабиёти диние ҷилавгирӣ хоҳанд кард, ки дар онҳо ақидаҳои низоъбарангез, ақидаҳои мухолифи аҳли суннат ва ҷамоат, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд ва ҳамчунин даъват ба ҷиҳод ҷой дошта бошад.

Ахиран дар пайи як рейди муштарак, ки намояндагони мақомоти расмӣ дар тобистони соли 2010 доир карданд, беш аз 40 номгӯйи адабиёти динӣ мусодира шудааст, ки феълан аз тарафи коршиносони Кумитаи дин мавриди бозрасӣ қарор дорад.

“Зинда бод, интернет”

Зафар Раҳимови 35-сола, як пайрави созмони “Шоҳидони Яҳво”, ки соли 2007 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, мегӯяд, имкони ворид кардани адабиёти ин созмон ба кишварро надоранд.

Вале мегӯяд ӯ, пайравону ҳаводорони “Шоҳидони Яҳво” метавонанд, ки матлаб ва маҷаллаву китоби ин созмони дини масеҳиро аз шабакаи Интернет дастрас кунанд.

“Касе чизеро хоҳад аз интернет пайдо мекунад ва мехонад. Пас, ин мушкил нест ва ҳар нафаре метавонад дар бораи “Шоҳидони Яҳво” низ матлаб пайдо кунад.”

“Шоҳидони Яҳво” танҳо созмони динӣ нест, ки фаъолият ва вуруди адабиёташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Шабномаҳои “Ҳизбуттаҳрир”

То ин муддат мақомоти расмии кишвар фаъолияти Ҳизбуттаҳрир, Салафия ва Ҷамоати таблиғро низ манъ кардаанд.

Як пайрави Ҳизбуттаҳрир, ки аз бурдани ном ва ифшои ҷойи чопи варақа ва маҷаллаи “Субҳи хилофат” худдорӣ кард гуфт, онҳо варақаҳояшонро шабонгоҳ аз роҳҳои пинҳонӣ тақсим мекунанд ва дар ин кор бадиеро намебинанд.

Ниҳодҳои расмии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ”Ҳизбуттаҳрир”, ”Шоҳидони Яҳво” ва ”Салафия”-ро дар идомаи солҳои 2000 ва 2008 ба далели ифротгароӣ, барангехтани низоъ миёни мусулмонҳо, фаъолияти гайриқонунӣ ва мухолифат бо низоми дунявӣ мамнӯъ донистааст.

Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон талош мекунанд, то аз вуруд ва паҳни адабиёти марбут ба ин созмонҳои динӣ ба шиддат ҷилавгирӣ шавад.

Cаидбек Маҳмадуллоев
“Ассалафия валваҳҳобия”

Вақте ба утоқи сардори раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин Сайидбек Маҳмадуллоев ворид шудем, дар болои мизаш бастаи китобҳо мехобид.

“Ассалафият валваҳҳобият” ва “Ассалафия”, ду китоби марбут ба ҷараёни динии салафия, ки ба хат ва забони арабӣ навишта шудаанд, дар қатори ин китобҳо ҷо гирифта буданд.

Оқои Маҳмадуллоев мегӯяд, китобҳои марбут ба ҷараёни салафия, ки фаъолияти пайравони он дар кишвар гайриқонунист, набояд ба дасти хонандагон бирасад.

Чапроҳаҳо

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон, ки воридоти адабиёти диниро таҳти назорат дорад, мегӯяд, то ҳанӯз роҳҳое ҳастанд, ки қочоқчиён аз он истифода мекунанд.

Қурбонназар Абдуназаров
Полковник Қурбонназар Абдуназаров, муовини сардори раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, мегӯяд, танҳо дар минтақаи шимоли кишвар бештар аз 150 чапроҳаҳо вуҷуд доранд, вале онҳо талош кардаанд, то ин чапроҳаҳоро низ таҳти контроли худ бигиранд.

Аз Аҳмадия то “Толибон”

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон мегӯяд, вале дар даҳ моҳи соли 2010 қочоқи адабиёти мамнӯъи динии исломӣ ва ғайрииисломӣ кашф нашудааст.

Қурбонназар Абдуназаров, муовини сардори раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, мутмаин аст, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони ин хадамот дар посгоҳҳои марзӣ имкон надодааст, то адабиёти мамнӯъи динӣ вориди Тоҷикистон ва ҳамин тавр ба дасти сокинон расад.

Аммо полковник Абдуназаров мегӯяд, дар идомаи соли 2008 онҳо аз вуруди китоби «Қуръони Муқаддас», марбут ба гурӯҳи динии Аҳмадия, “Шумо метавонед дӯсти Худо бошед”, “Аз зиндагонии ҷовидона баҳра баред”, “Оё дар ҳақиқат Худо ба мо ғамхор аст?” адабиёти марбут ба “Шоҳидони Яҳво” ҷилавгирӣ кардаанд.

Дар соли 2009 дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён низ 37 нусха адабиёти динии исломӣ мусодира шудааст, ки “Сеҳру ҷоду” ва “Толибон” аз ҷумлаи онҳо будаанд.

Намедонанд ё наметавонанд?

Вале ҳамон тавре, ки Зафар Раҳимов, пайрави “Шоҳидони Яҳво”, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба ин шева пешгирӣ аз вуруди адабиёти мамнӯъи динӣ то ҳадде беҳуда менамояд.

Як сокини Душанбе барои хондани матолиб дар бораи афроди саршиноси ҷаҳони ислом аз интернет «кӯмак» металабад, ки дар он ҷо ба гуфтаи худи ӯ ҳазорҳо китоби динӣ маҳфузанд ва бидуни мушкил мешавад онҳоро дастрас ва истифода кард.

Вале мегӯяд ӯ, “дар миёни ин китобҳо адабиёти мухолиф ба ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ҳам зиёданд, ки ақидаи бархеро тамоман ба самти дигар мекашонанд”.

Мақомот оё дар бораи чунин имкониятҳои интернет, ки ба унвони роҳи алтернативии тавзеъи матолибу китобҳои динии мамнӯъ истифода мешавад, то куҷо воқифанд?

Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи ташхиси диншиносии Кумитаи дин, мегӯяд, то ҳанӯз дар ин бора андеша накардаанд ва қонун низ дар ин бора банди хосеро пешбинӣ накардааст.

Роҳи дигар

Ҳамчунин, кам нестанд нафароне, ки чунин адабиёти мамнӯъро аз тариқи почта ба номи афроди алоҳида мефиристанд ва ё як ё ду донаи онро тариқи ҳавопаймо ба кишвар ворид карда, аз он нусхабардорӣ ва паҳн мекунанд.

Як сокини Тоҷикистон мегӯяд, мушоҳида кардааст, ки ҳангоми овардани китобҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон тариқи ҳавопаймо борхалтаҳоро тафтиш намекунанд ва эҳтимол аз ин имконият иддае истифода баранд.
Худи полковник Қурбонназар Абдуназаров ҳам мегӯяд, на ҳамаи борхалтаҳои мусофирон тафтишу санҷиш мешавад.

“Китобҳои лозимро мефурӯшем”

Дар Тоҷикистон дар муқоиса ба фурӯшгоҳҳои адабиёти бадеӣ фурӯшгоҳҳои адабиёти динӣ зиёд мушоҳида мешаванд.

Масалан, танҳо дар атрофи масҷиди марказии шаҳри Душанбе бештар аз даҳ фурӯшгоҳи адабиёт ва либоси мазҳабӣ ҷо гирифтааст.

Бо ин ҳол, касеро пайдо кардан мушкил аст, ки расман дар пайи дарёфти адабиёти мамнӯъ бошад.

Зеро то ин дам додгоҳҳои кишвар даҳҳо танро барои нигоҳдории адабиёти марбут ба Ҳизбуттаҳрир пушти панҷара шинонидаанд ва ин тарс аксариятро фаро гирифтааст.

Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба мо гуфт, агарчӣ бо Ҳизбуттаҳрир рабте надошт, вале танҳо барои нигоҳдории як варақаи ин ҳизби мамнӯъ тақрибан то ду соли умрашро дар зиндон пушти сар кард.

Ба ин монанд, дар китобфурӯшиҳои Тоҷикистон низ наметавон адабиёти мамнӯъро ба осонӣ пайдо кард.

Соҳибони дӯкони китобфурӯшӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ба савдо гузоштани адабиёти мамнӯъ низ барои онҳо дарди сар меорад ва аз ин рӯ ҳоло онҳо талош мекунанд, ки аввал номгӯйи китоби худро ба Кумитаи дин пешниҳод ва дар асоси хулосаи онҳо китоб фурӯшанд.

Як фурӯшанда, ки худро Муҳаммад ном бурд, мегӯяд, аксари ин адабиётро ҳоҷиён ҳангоми бозгашт аз Араабистони Саудӣ ва ё донишҷӯёне, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба онҳо барои фурӯш мегузоранд.

Шокирҷон Ҳакимов
Назари коршинос

Коршиносон кӯшишҳои давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди адабиёти мамнӯъи динӣ ба кишварро аз як тараф барои эҷоди тарс миёни аъзои созмонҳои динии мамнӯъ ҷонибдорӣ мекунанд ва аммо аз тарафи дигар мегӯянд, ин кӯшишҳо ҳосиле ба бор нахоҳад овард.

Шокирҷони Ҳаким, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин таҷриба дар собиқ Шӯравӣ ва ҳоло дар Эрон нишон медиҳад, ки пайравони адёни мухталиф барои ташаккули афрори ҷомеа аз роҳҳои дигар истифода мекунанд, ки дар шароити имрӯз, ба гуфтаи вай, шабакаи ҷаҳонии интернет будааст.

Интиқоди созмонҳо

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ, ки дар оғози соли 2010 ба нашр расидааст, маҳдудият дар роҳи вуруди адабиёти диниро нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон қаламдод кардааст.

Коршиносон мегӯянд, таъқиби пайравони мазоҳиби мамнӯъ ва маҳдудият барои вуруди адабиёти онҳо бори дигар «имкон» додааст, ки САҲА, департаменти давлатии ИМА ва созмонҳои дигари байналмиллалӣ барои маҳдудияти озодиҳои мазҳаби Тоҷикистонро танқид кунанд.

Дар ҳоле, ки акнун Зафар Раҳимов ва ҳамроҳони ӯ имкон пайдо кардаанд, ки на аз роҳи тақсими маҷаллаву китобҳои динии худ дар кӯчаҳо, балки рӯйи сафҳаҳои интернет ҳам изҳори андеша кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG