Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешсафии коммунистҳо дар интихоботи парлумонии Молдова


Комиссияи марказии интихоботии Молдова иттилоъ додааст, ки сеяки баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботии парлумонии рӯзи якшанбеи 28-уми ноябр шумурда шудаанд. Дар интихобот Ҳизби коммунисти кишвар бо дарёфти тақрибан 44 дар сади раъйҳо, пешсаф аст.

Дар мақоми дуввум Ҳизби либерал-демократии сарвазир Влад Филат ҷойгир аст, ки аз он 26 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Ду ҳизби дигар – Ҳизби демократӣ ва Ҳизби либералӣ имкони вуруд ба парлумонро доранд.

Барои дарёфти курсиҳои парлумони Молдова 20 ҳизб ва 19 номзади мустақил талош карданд.

Бунбасти сиёсӣ дар Молдова

Молдова як сол аст, бидуни президент ба сар мебарад, зеро раиси ҷумҳурӣ дар парлумон интихоб мешавад ва таносуби нерӯҳо дар порлумон ба бартарии ҳеҷ номзаде имконият надодааст.

Моҳи апрели соли 2009 молдовиҳо ба кӯчаҳои Кишинёв рехтанд, то ба натиҷаҳои интихобот эътироз кунанд. Ошӯбҳо яккатозии Ҳизби коммунисти Молдоваро хотима дод аммо як бунбасти сиёсиеро ба вуҷуд овард, ки дар он ин ҳизби тарафдори Русия бо эътилофи васеи росту марказгарои рӯ ба Ғарб дар баробари ҳам қарор гирифтанд.

Дар натиҷа ду дафъа порлумон натавонист, президенро интихоб кунад, порлумон пароканда эълон шуд ва дар моҳи июл интихоботи зудрас баргузор гардид. Аммо ин бор ҳам ду гурӯҳ тақрибан бо нерӯи баробар вориди порлумон шуданд ва ин таносуб боз ҳам ба интихоби президент монеъ гашт. Моҳи сентябр аз нав порлумон мунҳал шуд ва ҳоло акнун парлумони нав интихоб мегардад.

Вале гумон аст, чунин умедҳо бароварда шаванд. Назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди афзоиши аҳзоби ширкаткунандаи интихобот, гумон аст, таносуби нерӯҳо дар порлумони нав тағйири ҷиддие бинад. Коммунистҳо аз як сӯ ва Паймони ҳамгироӣ бо Аврупо аз сӯи дигар мумкин аст, дастовардҳои худ дар интихоботи июлро такрор кунанд.

Нақши фаъоли Русия дар интихобот

Ҳамзамон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки агар яке аз аҳзоби ғарбгарои Паймони ҳамгироӣ бо Аврупо бо коммунистон вориди эътилоф шавад, бунбаст ба поён хоҳад расид. Дар ҳамин ҳол чашми ҳама ба як мансадори пешини Ҳизби коммунист, Мариан Лупу аст, ки Ҳизби демократи ӯ бо Ҳизби Русияи Воҳиди сарвазири Русия, Владимир Путин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Русия дар маъракаи интихоботии Молдова нақши фаъол дорад ва дастикам ба панҷ ҳизб дар ин маърака кӯмакҳои гуногун мекунад. Дар навбати худ Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аз Паймони ҳамгироӣ бо Аврупо ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG