Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WikiLeaks асноди сиррии дипломатии ИМА-ро нашр кард


Сомонаи интернетии WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди гуногуни сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард. Намояндагони сомона гуфтанд, ки он мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифтааст. Ва аммо матолиб дар пояи асноди нашрнамудаи WikiLeaks имрӯз дар панҷ нашрияву маҷаллаи маъруфи Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Испания чоп шудаанд. WikiLeaks аз ҷумла, асноди сиррӣ дар бораи талошҳои дипломатҳои амрикоӣ барои назорат аз болои раҳбарони Созмони Милали Муттаҳид, фишор болои намояндагони бархе кишварҳо ва баррасӣ шудани имкони амалиёти низомӣ алайҳи Эронро нашр кардааст.
Кохи Сафед амали WikiLeaks-ро ҳамчун “бемасъулиятона ва хатарбор” маҳкум кард. Аз нигоҳи Вошингтон, нашри асноди сиррӣ на фақат ба манфиатҳои миллии Амрико таҳдид мекунад, балки амнияти одамони зиёдеро ҳам зери хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG