Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои муштарак дар баҳри Зард шурӯъ шуданд


Нерӯҳои дарёии ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар баҳри Зард тамринҳои муштараки низомиро шурӯъ карданд. Ин тамринҳо ҳамчун намоиши қувваи бозӯ ба Кореяи Шимолӣ арзёбӣ мешаванд. Чанд рӯз қабл бар асари ҳамлаи тӯпхонаи Кореяи Шимолӣ ба як минтақаи воқеъ дар марзи ду кишвар чаҳор нафар, аз ҷумла, ду сарбози Кореяи ҷанубӣ кушта шуда, чандин каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодиса Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубиро дар ҳоли омодабош ба ҷанг қарор дод.
Дар ҳамин ҳол Ву Давей, фиристодаи воломақоми масоили ҳастаии Чин, даъват намуд, ки аввалҳои моҳи декабр музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ аз сар гирифта шавад. Дар ин музокирот, ки якуним сол қабл мутаваққиф шуд, ҳайатҳои ИМА, Чин, Русия, Ҷопон ва Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG