Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои Молдова дар интихобот пешсафанд


Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботии Молдова, дар интихоботи парлумонӣ Ҳизби коммунисти кишвар пешсаф аст.Баъд аз баршумурдани 15 дар сади баргаҳои раъй коммунистҳо бо дарёфти беш аз 46 дар сади раъйҳо дар хатти аввал қарор доранд. Дар мақоми дуввум Ҳизби либерал-демократии сарвазир Влад Филат ҷойгир аст, ки аз он беш аз 23 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Боз ду ҳизби дигар имкони вуруд ба парлумонро доранд.
Қаблан бар пояи натоиҷи пурсиш дар назди қитъаҳои интихоботӣ ё экзит-полҳо гуфта мешуд, ки либерал-демократҳо ҳатто бештар аз коммунистҳо раъйҳоро ба даст овардаанд.
Раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Молдова дирӯз баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG