Пайвандҳои дастрасӣ

Ду инфиҷор дар пойтахти Гурҷистон


Полиси Гурҷистон мегӯяд, бар асари ду таркиш шаби гузашта дар Тифлис як нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст. Инфиҷори аввал дар наздикии дафтари ҳизби мухолифи Коргар ба вуқӯъ пайваста, занеро, ки дар бинои шафат мезист, куштаааст. Ним соат дертар таркиши дувум минтақаи дигари пойтахти Гурҷистонро такон додааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Гурҷистон аз шарҳи ангезаҳои ин таркишҳо худдорӣ кард ва гуфт, қазия пажӯҳиш мешавад.
XS
SM
MD
LG