Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ дар Теҳрон


Сарони порлумонҳои Эрон ва Тоҷикистон зимни дидор дар Теҳрон, хостори таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар шуданд. Алии Лориҷонӣ гуфтааст, кишвараш ба робитаҳо бо Тоҷикистон аз лиҳози муносибатҳои дарозмуддати стратегӣ менигарад ва омодааст ба рушду пешрафти Тоҷикистон кӯмак кунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари расмие дар Теҳрон ба сар мебарад гуфтааст, Эрон дар таҳкими истиқлолият ва ҳифзи оромӣ ва амният дар Тоҷикистон нақши хеле муҳим ва умда дорад.

Дар ҳоле, ки ба назари ҷаноби Лориҷонӣ дастовардҳои Эрон дар риштаҳои гуногуни саноат ва фанноварӣ барои Тоҷикистон захираи хуби пешрафт мебошанд, ҷаноби Шукуров ба иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва риштаҳои дигар даъват кардааст.

Ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва энержӣ

Эрон ва Тоҷикистон ахиран ҳамкориҳои худро дар чандин бахш густариш дода ва Эрон яке аз сармоягузорони умдаи тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Феълан миёни Тоҷикистон ва Эрон як қатор тарҳҳо амалӣ мешавад, ки бузургтарини онҳо нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби Анзоб аст.

Охирҳои соли 2003 ҳукумати Эрон барои бунёди нақби Анзоб беш аз 31 миллион доллар ҷудо кард, ки 10 миллиони он кӯмаки ройгон буд.

Авоили соли 2006 бошад Эрон барои бунёди нерӯгоҳи Сангтуда-2 беш аз 180 миллион доллар ихтисос дод.

Тибқи созиши байнидавлатӣ, баъд аз мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтан тайи 12-уним сол Сангтуда-2 моликияти Эрон маҳсуб хоҳад шуд ва сипас дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG