Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори раисони порлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон


Сарони порлумонҳои Эрон ва Тоҷикистон дар дидоре дар Теҳрон хостори таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар шуданд. Раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, Алии Лориҷонӣ гуфт, кишвараш ба робитаҳо бо Тоҷикистон аз лиҳози муносибатҳои дарозмуддати стратегӣ менигарад ва омодааст, ба рушду пешрафти Тоҷикистон кӯмак кунад. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари расмие дар Теҳрон ба сар мебарад, гуфт, Эрон дар таҳкими истиқлолият ва ҳифзи оромию амният дар Тоҷикистон нақши хеле муҳим ва умда дорад. Дар ҳоле ки ҷаноби Лориҷонӣ афзуд, дастовардҳои Эрон дар риштаҳои гуногуни саноат ва фанноварӣ барои Тоҷикистон захираи хуби пешрафт мебошанд, ҷаноби Шукуров ба иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва риштаҳои дигар давъат кард. Ширкатҳо ва сармояи эронӣ дар чанд тарҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳ ва нақб ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG