Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Молдова интихоботи зудраси порлумонӣ баргузор мешавад, ки қарор аст ба бӯҳрони тӯлонии сиёсӣ дар ин кишвар хотима диҳад. Дар он 20 ҳизби сиёсӣ ва 19 номзади мустақил барои вуруд ба порлумон сабқат мекунанд ва ширкати сеяки интихобкунандагон кофист, ки раъйдиҳӣ қонунӣ шумурда шавад.

Молдова як сол аст, бидуни президент ба сар мебарад, зеро раиси ҷумҳури дар парлумон интихоб мешавад ва таносуби нерӯҳо дар порлумон ба бартарии ҳеҷ номзаде имконият надодааст.

Бунбасти сиёсӣ дар Молдова

Моҳи апрели соли 2009 молдовиҳо ба кӯчаҳои Кишинёв рехтанд, то аз натиҷаҳои интихобот эътироз кунанд. Ошӯбҳо яккатозии Ҳизби коммунисти Молдоваро хотима дод ва як бунбасти сиёсиеро ба вуҷуд овард, ки дар он ин ҳизби тарафдори Русия бо эътилофи васеи росту марказгарои рӯ ба Ғарб дар баробар ҳам қарор гирифтанд.

Дар натиҷа ду дафъа порлумон натавонист, президенро интихоб кунад, порлумон пароканда эълон шуд ва дар моҳи июл интихоботи зудрас баргузор гардид. Аммо ин бор ҳам ду гурӯҳ тақрибан бо нерӯи баробар вориди порлумон шуданд ва ин таносуб боз ҳам ба интихоби президент монеъ гашт. Моҳи сентябр аз нав порлумон мунҳал шуд ва ҳоло акнун интихоботи нав барпо мегардад.

Як раъйдиҳанда дар Кишинев мегӯяд: "Муҳимтарин чиз ин аст, ки бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова ҳал шавад. Ин ҳолат барои сиёсатмадорон хуб, аммо барои мо, одамони оддӣ бад аст. Беҳтар аст, аз мо бишунаванд, ки кадом роҳро барои Молдоваи пасоинтихоботӣ ҳақиқатан хуб мешуморем."

Вале гумон аст, чунин умедҳо бароварда шаванд. Назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди афзоиши аҳзоби ширкаткунандаи интихобот, гумон аст, таносуби нерӯҳо дар порлумони нав тағйири ҷиддие бинад. Коммунистҳо аз як сӯ ва Паймони ҳамгироӣ бо Аврупо аз сӯи дигар мумкин аст, дастовардҳои худ дар интихоботи июлро такрор кунанд.

Молдова дар дуроҳаи интихоб: Русия ё Ғарб?

Ҳамзамон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки агар яке аз аҳзоби ғарбгарои Паймони ҳамгироӣ бо Аврупо бо коммунистон вориди эътилоф шавад, бунбаст ба поён хоҳад расид. Дар ҳамин ҳол чашми ҳама ба як мансадори пешини Ҳизби коммунист, Мариан Лупу аст, ки Ҳизби демократи ӯ бо Ҳизби Русияи Воҳиди сарвазири Русия, Владимир Путин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Русия дар маъракаи интихоботии Молдова нақши фаъол дорад ва дастикам ба панҷ ҳизб дар ин маърака кӯмакҳои гуногун мекунад. Дар навбати худ Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аз Паймони ҳамгироӣ бо Аврупо ҳимоят мекунанд. Коршиноси сиёсӣ дар Кишинёв, Анелӣ Уте Габану мегӯяд, ин пуштибонӣ низ метавонад дар интихобот нақши муҳим бозад:

"Интихоботи рӯзи якшанбе хеле муҳим аст ва шумо шоҳиди аломатҳои ошкоре аз берун ҳастед, аз Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида. Роҳи ояндаи Молдова бисёр муҳим аст ва аҳамияти он, махсусан аз берун ва бо дурнамо дида мешавад."

Дар ин шароит ширкати аҳолӣ дар интихобот аҳамияти хос пайдо мекунад. Эҳтимол меравад, ки насли кӯҳансол аз рӯи одатҳои замони шӯравӣ дар интихобот бештар ширкат кунад ва ин насл ғолибан тарафдори коммунистҳост. Аз сӯи дигар, ин дафъа шаҳрвандони Молдова дар минтақаи ҷудоиталаби Соҳили Днестр низ дар раъйдиҳӣ ширкат мекунанд. Таври маълум ин минтақа зери нуфузи шадиди Русия қарор дорад.

Тарафи муқобил, яъне аҳзоби ғарбгаро умдатан метавонанд ба интихобкунандагони ҷавон ва рӯ ба Ғарб такя кунанд. Онҳо дар ду раъйдиҳии гузашта ба дараҷаи кофӣ фаъол буданд, аммо маълум нест, ин бор чунин талошҳое аз худ нишон хоҳанд дод ё на.

Натиҷаҳои пешакии интихобот соати ёздаҳи шаби якшанбе эълон шуда, сипас ҳар ду соат тозатарин тағйири онҳо маълум хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG