Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷрои Вахш барои такмили обанбори "Сангтӯда-2" баста шуд


Бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯй имрӯз маҷрои рӯдхонаи Вахш барои такмили обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" баста шуд. Ҷаноби Раҳмон дар ин маросим гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ҳаққи комил дорад, ки аз захираҳои табии худ истифода барад. Вай афзуд, дар сурати фаъол шудани ин нерӯгоҳ, боз 1 миллиард киловат-соат барқ тавлид ва маҳдудияти интиқоли барқ барои ба аҳолӣ 4 соат коҳиш хоҳад ёфт. Вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯ дар навбати худ иброз дошт, ки ҷониби Эрон мехоҳад, ки мушкили мардуми Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳалли худро пайдо кунад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бо сармоягузории Эрон бо маблағи 225 миллион доллар бунёд шуда, 12 сол дар ихтиёри Эрон хоҳад монд ва сипас ба моликияти Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, бастани оби рӯдхонаи Вахш ба фаъолияти нерӯгоҳҳои дигар дар ин дарёф таъсир намекунад ва интиқоли барқ ба корхонаҳо ва аҳолӣ мисли пешина идома меёбад.
XS
SM
MD
LG