Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Чин ба коҳиши ташаннуҷи миёни ду Корея


Ҳампаймони асосии Кореяи Шимолӣ, Чин, мегӯяд, омодааст бо президенти Кореяи Ҷанубӣ, Лӣ Мюнг-бак, барои коҳиши ташаннуҷ дар нимҷазираи Корея ҳамкорӣ кунад. Хабаргузории давлатии Синхуаи Чин гуфт, дар мулоқоти вазири давлати Чин, Дай Бингуо ҳарду ҷониб вазъро дар нимҷазира нигаронкунанда номиданд ва созиш карданд, ки бояд дидору муколамаҳои ҷиддӣ барои ислоҳи он идома кунанд. Ташаннуҷ замоне сар зад, ки Кореяи Шимолӣ қаламрави Ҷанубро гулӯлаборон кард. Дар натиҷа ду сарбози Кореяи Ҷанубӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ин байн Кореяи Шимолӣ аз пайомадҳои "пешгӯинашаванда"-и размоишҳои муштараки Ҷануб ва Иёлоти Муттаҳида, ки имрӯз дар Баҳри Зард сар шуданд, ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG