Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зери чораҳои сахти амниятӣ дар Миср


Дар Миср таҳти чораҳои шадиди амниятӣ интихоботи порлумонӣ ҷараён дорад. Эҳтимол меравад, ин раъйдиҳӣ мавқеи ҳизби ҳокими президент Ҳуснӣ Муборакро тақвият хоҳад дод. Бино бар назарсанҷиҳо, Ҳизби миллию демкоратии Муборак аксарияти 508 курсии порлумонро ба даст хоҳад овард. Бар замми ин, 10 узви нави маҷлисро президент таъин мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, аллакай интихобот бо ҳабси фаъолони аҳзоби мухолиф ва маҳдудиятҳо барои номзадҳои муайян доғдор шудааст. Қарор аст, наздик ба 41 миллион нафар мисриҳо дар интихобот ширкат кунанд ва натиҷаҳи пешакӣ рӯзи душанбе маълум гардад.
XS
SM
MD
LG