Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ: "Пас аз соли 2011 ниёзе ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ нест"


Нури Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ гуфтааст қарордоди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст, зеро ки нерӯҳои ироқӣ тавоноии таъмини амниятӣ ин кишварро пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ хоҳанд дошт.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиатед Пресс, Нури Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи шанбе гуфтааст, ин кишвар барои таъмини амнияти худ пас аз соли 2011 ниёзе ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ нахоҳад дошт.

" Ироқиҳо тавони таъмини амниятро доранд"

Оқои Моликӣ дар нахустин конфронси хабарии худ пас аз маъмур шудан барои ташкили давлати ҷадиди Ироқ дар ин бора гуфтааст:

«Мувофиқатномаи амниятӣ бо Амрико, ки шомили таърихи хуруҷи сарбозони амрикоӣ ва тааҳҳудот аст, ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст ва ман ниёзе ба ҳузури нерӯҳои байналмиллалӣ барои кӯмак ба ироқиҳо ба манзури таъмини амният ҳис намекунам.»

Бар асоси тавофуқи суратгирифта миёни Ироқ ва Амрико, ки оқои Моликӣ ба он ишора кардааст, сарбозони боқимондаи амрикоӣ мустақар дар Ироқ бояд то поёни соли 2011-и мелодӣ аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Борак Обама, раиси ҷумҳури ИМА пас аз расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ваъда дода буд ба ҷанг дар Ироқ поён дода ва дар ҳамин чаҳорчӯб то охири моҳи феврали соли ояндаи мелодӣ ҳама нерӯҳои размии ИМА-ро аз Ироқ хориҷ кунад.

Ҷанги нобаробари Ироқ

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини ИМА дар моҳи марти соли 2003 бо ҳадафи « нобуд кардани ҷангафзорҳои куштори ҷамъии Ироқ» ба ин кишвар ҳамла карда буд, ҷангафзорҳое ки ҳеҷ гоҳ пайдо нашуданд.

Аз замони оғози ҷанг дар Ироқ то кунун ҳудуди як триллион доллар ҳазинаи ин ҷанг шуда ва беш аз 6600 сарбози амрикоӣ ва беш аз 100 ҳазор тан аз шаҳрвандони ғайринизомии Ироқ дар ин ҷанг ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин миён шаш лашкари боқимондаи Амрико дар Ироқ низ қарор аст то поёни соли ояндаи мелодӣ аз ин кишвар хориҷ шуда ва ба ин тартиб ба ҳузури чандсолаи артиши Амрико дар Ироқ поён диҳанд.

Дар ин миён ҳарчанд мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки ба тавофуқи суратгирифта дар мавриди хуруҷи сарбоозони амрикоӣ аз Ироқ пойбанд хоҳанд буд, аммо дар сурати ниёз, хостори мувофиқат бо тамдиди ҳузури сарбозони амрикои аз сӯи давлати Ироқ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG