Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими басташавии маҷрои рӯдхонаи Вахш барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 имрӯз, 28-уми ноябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Маҷиди Номҷӯй, вазири энержии ҷумҳурии исломии Эрон ва мақомоти дигари ҳар ду кишвар баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон ба таври комил ҳақ дорад, ки аз захираҳои табии худ истифода барад:

"Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳам ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем. Бори дигар таъкид месозам, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои обӣ умуман таъсири манфӣ намерасонад, баръакс рушди соҳаи нерўи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳангоми норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеи обу энергетика мебошад"

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзудааст, ки ин ҳуқуқҳо аз тарафи садҳо санади байналхалқӣ низ тасдиқ шудаааст:

"Тибқи аслҳои устувор ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар садҳо асноди табиати байналхалқӣ дошта, дарҷ шудааст ва аз амалияи дар ҷаҳони имрўза ҷойдошта низ возеҳ аст, сарватҳои табиии дар қаламрави ҳар кишвар мавҷудбуда, қабл аз ҳама, насиби ҳамон халқу миллат ва мардуми соҳибихтиёраш аст."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати фаъол шудани ин нерӯгоҳ, ба аҳолӣ 4 соат барқи иловагӣ аз реҷаи муайаншуда, ки ҳоло истифода мекунанд, дода мешавад. Гузашта аз ин, бо ба кор даромадани ин нерӯгоҳ боз 1 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид мешавад.

Вазири энержии Эрон Маҷиди Номҷӯ дар навбати худ иброз доштааст, ки талошҳои раҳбарияти ҳарду кишвар барои боз ҳам наздик шудани муносибатҳои ин ду миллат мусоидат намуда ҷониби Эрон мехоҳад, ки мушкили мардуми Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳалли худро биёбад.

Вай ҳамчунон афзудааст, ки нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Эрон бо маблағи 225 миллион доллар бунёд мешавад.

Басташавии маҷрои Вахш

Қаблан вазорати энергетикаи Тоҷикистон эълон карда буд ба манзури анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", маҷрои рӯдхонаи Вахш баста мешавад. Маҷрои Вахш тағйир меёбад ва об аз дохили нақбҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Ин нерӯгоҳ тавассути шикатҳои эронӣ сохта мешавад.

Дар рӯдхонаи Вахш ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ ва "Сангтӯда-1" сохта шудаанд.

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, бастани оби рӯдхонаи Вахш ба фаъолияти ин нерӯгоҳҳо таъсир намекунад ва интиқоли барқ ба корхонаҳо ва аҳолӣ мисли пешин идома меёбад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори роҳандозии нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» то оғози фасли сармо шуда буд.

Шералӣ Гул, вазири энержии ва саноати Тоҷикистон низ гуфта буд, мавзӯи пеш аз мӯҳлат, то 20 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтуда-2» аз масъалаҳои меҳварии иҷлоси ин комиссиюни муштараки Тоҷикистону Эрон дар авоили моҳи октябр будааст.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бо сармоягузории Эрон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда миёни ду ҷониб, пас аз 12 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG