Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот зидди тарҳи нави буҷаи Ирландия


Ҳазорон нафар дар хиёбонҳои Дублин зидди барномаи сарфаҷӯии ҳукумати Ирландия тазоҳурот карданд. Полис ҳадс мезанад, ки дар ин раҳпаймоии ташкилкардаи Конгресси иттифоқҳои касабаи Ирландия, то 50 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Мӯътаризон ин намоишро охирин имконияти мухолифат ба тарҳи нави буҷаи кишвар медонанд, ки коҳиши қариб 6-миллиарддолларии дастмузду ёрдампулиҳо ва то 2 миллиард доллар афзоиши андозро пешбинӣ мекунад. Бе қабули ин тарҳ Ирландия наметавонад аз қарзи изтирории Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул, ки 113 миллиард доллар мебошад, истифода кунад.
XS
SM
MD
LG