Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз шудани хатти робитаи телефонӣ бо Рашт


Бино бар хабарҳо сар аз субҳи 27-уми ноябр тамоси телефонӣ бо Рашт барқарор шудааст. Ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кардаанд. Робитаи телефонӣ бо ноҳияи Рашт аз 21-уми сентябр, яъне пас аз оғози амалиёти артиш ва нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар Камароб ба ин сӯ қатъ буд. Ширкатҳои телефонӣ сабаби қатъи якбораи хатҳои тамосро ба “мушкилоти фаннӣ” рабт медоданд, вале мақомоти давлат мегуфтанд, ҳадаф халалдор накардани амалиёти ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ будааст. Аз қатъи робитаи телефонӣ бо ин минтақа даҳҳо ҳазор муҳоҷир дар Русия шадидан норозӣ буданд, зеро имкон надоштанд, бо хонаводаҳои хеш дар тамос бошанд. Ширкатҳои мухобиротӣ дар бораи зарари тиҷоратии хеш иттилоъ надодаанд.
XS
SM
MD
LG