Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Вошингтон аз нашри асноди махфӣ дар WikiLeaks


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, нақшаи торнамои ифшогари Викиликз ба нашри асноди махфии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида як амали "бемаъулиятона" хоҳад буд. Сухангӯи вазорат, Филип Кроулӣ, гуфт, ин кор "ҷони инсонҳо ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳидаро зери зарба мегузорад". Вай афзуд, Вошингтон ба пайомадҳои бадтарин омода шуда, ҳукуматҳои дигарро аз эҳтимоли берунрехти иттилоъ огоҳ кардааст. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон бо сарони Олмон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Бритониё, Фаронса ва Афғонистон дар тамос шуда, аз ифшои наздик ба се миллион санади махфӣ ҳушдор додааст. Бисёриҳо бар инанд, ки нашри ин аснод мояи шармсории ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG