Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ҳарбиёни Амрико дар бораи фармондеҳи ҷаълӣ


Афсари баландпояи Иёлоти Муттаҳида ба телевизиони СНН гуфт, мақомоти амрикоӣ хеле аз пеш ба ҳувияти шахсе, ки худро фармондеҳи аршади Толибон номида, мехост, бо мақомоти Кобул гуфтушунид кунад, шубҳа доштанд. Адмирал Майк Мулен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ҳамчунин гуфт, вай бовар надорад, ки қаллоб бо раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай мулоқот карда бошад. Мулен афзуд, воқеа бар асари нокомии хадамоти иктишофӣ сар назада, балки ин хадамот аз ҳувияти аслии қаллоб иттилоъ дода буд. Баҳс бар сари ин аст, ки расонаҳо аз мулоқоти Карзай бо як дӯкондори Кветтаи Покистон, ки худро фармондеҳи аршади Толибон муаррифӣ кардааст, мулоқот ва сулҳ бо толибҳоро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG