Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Чин ва Амрико сари ташаннуҷ дар Корея


Чин ва Иёлоти Муттаҳида гуфтушунидеро бо ҳадафи коҳиши ташаннуҷ дар нимҷазираи Корея оғоз карданд. Вазири умури хориҷии Чин, Янг Йечӣ, дар ин бора бо ҳамтои амрикоии худ, Ҳилларӣ Клинтон, телефонӣ сӯҳбат кард. Мақомот мегӯянд, мақсади онҳо пешгирӣ аз такрори табодули оташ байни Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубист, ки рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он дар Кореяи Ҷанубӣ чандин нафар ба ҳалокат расид. Вошингтон гуфтааст, размоишҳои муштаракаш бо Сеул дар ин минтақа бар зидди Пекин нигаронида нашудаанд.
XS
SM
MD
LG