Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ифтитоҳи роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён


Бино ба иттилои Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), рӯзи шанбе, 27-уми ноябр, роҳи автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи поён пас аз ду соли корҳои бозсозӣ расман ифтитоҳ шуд. Ин роҳ бо кумаки билоивази ҳукумати Ҷопон тармим ва навсозӣ шудааст.

Интизор меравад, дар маросими ифтитоҳи роҳи Дӯстӣ-Панҷи поён сафири Ҷопон дар Душанбе Ёшихиро Накаяма, раҳбарияти Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, намояндагони вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ва ширкатҳои сохтмонӣ, ҳамчунин сокинони маҳаллӣ ширкат кунанд.

Роҳи навсозишуда, ки 24 километрро ташкил медиҳад, бо ҳазинаи 12 миллион доллар кумаки бебозгашти Ҷопон аз сӯи ширкатҳои сохтмонии ин кишвар тайи ду соли ахир бозсозӣ шудааст. Ҳадаф аз ин тарҳ густариши тиҷорат бо Афғонистон ва истифодаи бештар аз имконоти транзитии ин кишвар барои расидан ба бандарҳои Покистону Эрон ном бурда мешавад.

Ҳукумати Ҷопон ҳамчунин тасмим гирифтааст барои бунёд ва тармими роҳи Қӯрғонтеппа–Дӯстӣ ба кумак кунад. Ҷониби Ҷопон бо ин мақсад ба маблағи 35 миллион доллари ҷудо хоҳад кард.

Роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ қисмати муҳими роҳи Душанбе-Панҷи Поён-Афғонистон-Покистонро ташкил медиҳад ва навсозии он барои рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.

Ба эътиқоди коршиносон, сохтмони роҳи мазкур барои рушди иқтисод ва тиҷорат дар минтақа, тақвият ва густариши равобити байнулмилалии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва инчунин кишварҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон боаҳамият хоҳад буд.

Ҷопон дар шумори кишварҳои асосии кӯмакрасон ба Тоҷикистон қарор дорад ва ин кишвар баъд аз ду моҳи касби истиқлолият мустақилияти Тоҷикистонро шинохта ва равобити дипломатии худ бо Тоҷикистонро барқарор кардааст.

Аз соли 1993 то кунун Ҷопон дар доираи беш аз дусад барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳоти мухталиф, омӯзишу парвариш, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, соҳибкории хурду мутавассит ва ҳамин тавр тармим ва навсозии роҳҳо ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 90 миллион доллар кӯмакҳои билоиваз кардааст.
XS
SM
MD
LG