Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полша аз эъломияи Думаи Давлатии Русия истиқбол кард


Полша аз эъломияи порламони Русия дар бораи гунаҳгор эълон кардани Иосиф Сталин-диктатори даври Шӯравӣ дар кушторҳои Хатин истиқбол кард. Гжегорз Шетина-раиси порламони Полша ин эъломияро "қадами хуб ва нишонаи муҳим" барои тақвияти боварӣ миёни ду кишвар арзёбӣ кард. Думаи Давлатии Русия ё маҷлиси поёнии порламони ин кишвар пештар эъломияе ба тасвиб расонд. Дар он гуфта мешавад, ки қатли оми Хатин дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон бо дастури мустақими Иосиф Сталин-диктатори вақт анҷом гирифтааст. Куштори 20 ҳазор афсари Полша ва шахсиятҳои номдори Русияи ғарбӣ ба дасти пулиси махфии Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ сабаби сардии муносиботи миёни ду кишвар буд.
XS
SM
MD
LG