Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Португалия барномаи тақвияти молиро ба тасвиб расонд


Имрӯз порламони Португалия барномаи озод кардани молиёт, коҳиши дастмузд ва маблағҳои беҳзистиро ба тасвиб расонад. Ҳадаф аз чунин иқдом барқарор кардани суботи бозор ва умури молии иҷтимоист. Қарзҳои зиёд ва рушди кунди иқтисод ба сармоягузорон ҳушдор дод, ки Португалия метавонад баъд аз Юнон кишвари навбатии гирифтори бӯҳрони бонкӣ ва қарзӣ бошад. Ҳукумати Португалия пофишорӣ мекунад, ки ба барномаҳои наҷоти молӣ эҳтиёҷ надорад ва бо тадбирҳои қавӣ, ки барои тасвиб таҳия шудааст, метавонад суботи молиро дар кишвараш барқарор кунад.
XS
SM
MD
LG