Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бидуни боҷи гумрукӣ баТоҷикистон сӯзишворӣ медиҳад


Максим Пешков-мудири раёсати севвуми кор бо кишварҳои ҳамсуди вазорати корҳои хориҷаи Русия ва сафири пешини ин кишвар дар Тоҷикистон гуфтааст, масълаи лағви боҷи гумрукӣ барои судури сӯзишвориҳои нафтӣ ба Тоҷикистон тақрибан ҳал шудааст. Ба гуфтаи вай, ин масъала дар ҷаласаи кумиссиюнҳои ҳукуматии миёни ин ду кишвар дар Маскав ҳал шуда буд. Фақат бояд ин масъала рӯшан шавад, ки Тоҷикистон ба ин навъи фаровардаҳои нафтии Русия чӣ миқдор ниёз дорад. Масъалаи кокси нафтӣ барои корхонаи алюмини Тоҷикистон низ ба ин масъала ворид шудааст, ки ҳоло бидуни ҳал боқӣ мондааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG