Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Энергетик» бар ССКА “Помир”


Бозии охирини даври 36-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 26-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар байни ду тими шаҳри Душанбе – ССКА “Помир” ва “Энергетик» баргузор шуд.

Ин бозӣ бо пирӯзии “Энергетик» бо ҳисоби 3:1 ба анҷом расид ва дастаи ғолиб мавқеашро дар байни панҷ тими беҳтарин нигаҳ дошт.

Голҳои “Энергетик»-ро Самад Шоҳзуҳуров (дар дақиқаҳои 5-ум ва 7-ум, аз пенолти) ва Шодибек Ғаффоров (дар дақиқаи 71-ум) ба самар расонданд. Як голи мизбононро легионери африқоӣ Габриэл Донто дар дақиқаи 8-ум зад. Воқеъан, Донто ва Ғаффоровро сардовари бозӣ Ориф Ҷӯраев барои задухӯрд миёни ҳарду бо нишон додани корти сурх дар дақиқаи 92-юм аз майдон ронд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гаштааст, 27-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, барандаи медалҳои биринҷӣ, бозии мавқуфмондаи даври 24-уми мусобиқотро анҷом медиҳад. Ин бозии охирини мусобиқоти имсола соати 14 шурӯъ мешавад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки пешакӣ медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳибӣ кардааст, бозиҳояшро ба анҷом расондааст.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

31

25

6

0

75-17

81

2.

«Регар-ТадАЗ»

32

22

5

5

81-24

71

3.

«Вахш»

31

16

8

7

42-26

56

4.

«Хайр»

32

16

6

10

59-42

54

5.

«Энергетик»

32

12

4

16

41-44

40

6.

ССКА «Помир»

32

9

10

13

35-51

37

7.

«Хуҷанд»

32

8

8

16

42-58

32

8.

«Парвоз»

32

6

6

20

35-73

24

9.

«Равшан»

32

1

3

28

18-95

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 18, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 17, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.
XS
SM
MD
LG