Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порламони Русия: Куштори Хатин дастури Сталин буд


Думаи Давлатии Русия ё маҷлиси поёнии порламони ин кишвар имрӯз эъломияе ба тасвиб расонд. Дар он гуфта мешавад, ки қатли оми Хатин дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон бо дастури мустақими Иосиф Сталин-диктатори вақт анҷом гирифтааст. Куштори 20 ҳазор афсари Полша ва шахсиятҳои номдори Русияи ғарбӣ ба дасти пулиси махфии Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ сабаби сардии муносиботи миёни ду кишвар буд. Дар ибтидо Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин куштор Олмони нозиро муттаҳам мекард. Дар ҷараёни тасвиби ин эъломия дар Думаи Давлатӣ Ҳизби Кумунист мухолифат нишон дод ва гуфт, шаҳрвандони Шӯравӣ низ қурбони таъқиботи Сталин шуда буданд.
XS
SM
MD
LG