Пайвандҳои дастрасӣ

Заминҷаллобонро дар Ашт муттаҳам медонанд


Хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд, ки Раҳмонқул Мирзоалиев-раиси пешини хоҷагии деҳқонии ба номи Анварови ноҳияи Ашт ва муовини пешини вай Зоҳирҷон Муяссаров дар 10 мавриди фурӯши замини обӣ муттаҳам дониста мешаванд. Дар натиҷаи расидагӣ ошкор шудааст, ки онҳо моҳи апрели соли 2005 аз Юсуфалӣ Тошпулотов- сокини деҳаи Писковат барои замин 30 000 рубли русӣ ришва ситонидаанд. Ба ҳамин тартиб, онҳо ба 9 нафари дигар аз сокинон заминро фурӯхтаанд.
XS
SM
MD
LG