Пайвандҳои дастрасӣ

Дари масҷиди ҲНИТ дар Душанбе баста шуд


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон имрӯз дари масҷиди худро бар рӯи намозгузорон баст. Ин дар ҳолест, ки вазорати адлияи ҳушдор додааст, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳизбҳои сисёсӣ наметавонанд масҷидҳои хусусии худро дошта бошанд. Тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар бораи бастани масҷид дар намози ҷумъаи имрӯз, 26 ноябр дар дар макази ҲНИТ эълон шуд. Гуфта мешавад ин тасмим ба эътирозҳи аъзои ҳизб, аз ҷумла занони намозгузор мувоҷеҳ шудааст. Аммо мақомоти ҲНИТ аз ҷамоъа хостаанд, ки дигар барои гузоштани намоз ба маркази ҳизб ҳозир нашаванд. Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ҳушдори худ ба ҲНИТ гуфта буд, бояд фаъолияти масҷиди худро қатъ кунад. Дар ғайри сурат, бар асоси асли 20 қонуни аҳзоб масъалаи қатъи фаъолияти ҳизб матраҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG