Пайвандҳои дастрасӣ

Шветсария барои ташдиди қонун роҷеъ ба хориҷиён рай медиҳад


Рӯзи якшанбе дар Шветсария назархоҳӣ баргузор мешавад. Дар он барои назардиҳандагон суоле пешкаш шудааст, ки оё шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати содир кардани ҷиноёти сангин, аз қабили таҷовуз ба номус, хушунатгароӣ, дуздӣ, қочоқи маводи мухаддир ва суистифода аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бояд ба таври автоматӣ аз Шветсария ихроҷ шаванд ё хайр? Ин назархоҳӣ бо дархости Ҳизби Мардумии Шветсария, ки ҳизби ростгарост, баргузор мешавад. Як соли пеш дар ҷараёни чунин назархоҳӣ мардум бар зидди сохтмони манораҳои нав дар Шветсария рай дода буданд.
XS
SM
MD
LG