Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Кореяи Шимолӣ аз машқҳои муштараки низомӣ


Имрӯз Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки машқҳои муштараки низомии Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико минтақаро ба "партгоҳи ҷанг" наздик мекунад. Қарор аст, ин машқҳо рӯзи якшанбе шурӯъ шавад ва ҳоло гурӯҳе аз киштиҳои низомӣ ба сӯи баҳри Зард шино мекунанд. Рӯзи сешанбе дар натиҷаи шиллики оташи Короеяи Шимолӣ ба сӯи Ёнпиёнг, яъне қаламрави мавриди баҳси миёни ду кишвар воқеъ дар марзҳои обӣ 3 нафар кушта шуд. Имрӯз низ садои оташи тӯпхона дар ин ҷазира ба гӯш расидааст. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтааанд, зоҳиран Кореяи Шимолӣ дар наздикии ҷазира машқҳои низомӣ анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG