Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Суғд муовини раиси як ҷамоат боздошт шуд


Дар вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Равшанбек Душабоев-муовини раиси ҷамоати Исмоил ҳангоми ситонидани ришва боздошт шудааст. Дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Душабоев аз Мавҷуда Мелиқулова-сокини ҳамин ҷамоат барои ҷудо кардани порчаи замин 300 доллар ришва хостааст. Душабоев дар дафтари кориаш боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG