Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз СБП 20 миллион доллар қарз мегирад


Арӣ Айзен-намояндаи доимии Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Душанбе ба матбуот хабар додааст, ки Шӯрои Иҷроии ин муассисаи молии ҷаҳон гузоштани 20 миллион доллар қарз дар ихтиёри Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст. Барои ин қарз 5,5 сол имтиёз пешбинӣ шудааст. Вале гуфта мешавад ки дар муддати 10 сол Тоҷикистон бояд ин қарзро баргардонад. Қарзи умумии Сандуқи Байналмиллалии Пул дар чаҳорчӯбаи механизми густардаи барномаҳои қарз 100 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG