Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28-ӯми ноябр маҷрои оби рӯдхонаи Вахш баста мешавад


Ширкати эронии "Сангоб" дар Душанбе хабаре мунташир кардааст, ки маҷрои оби рӯдхонаи Вахш 28-ӯми ноябр барои сохтмони сарбанди ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 баста мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, бастани маҷрои об ба таъмини аҳолӣ бо барқ таъсир нахоҳад дошт. Вале вазорат истисно намедонад, ки имкон дорад гаҳ-гоҳе дар баъзе аз ноҳияҳо интиқоли барқ қатъ шавад.
XS
SM
MD
LG