Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҳинд аз Покистон дар остонаи солгарди ҳамлаҳои Мумбай


Ҳиндустон аз Покистон тақозо кардааст, ки омилини силсилаҳамлаҳои соли 2008 ба меҳмонсароҳои Мумбайро ба муҷозот кашонад. Ин дар ҳолест, ки аз ин ҳамлаҳо ду сол мегузарад. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар давоми се руз 10 тундрави исломӣ ба пойтахти молии Ҳиндустон ҳамла бурданд ва дар ин ҳамлаҳо 166 нафар кушта шуд. Соманаҳаллӣ Маллаяҳ Кришна-вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон аз Покистон хост, ки бо гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави худ мубориза кунад ва дастандаркорони ин ҳамлаҳоро аз гурӯҳи тундрави Лашкари Таиба ба муҷозот кашонад. Вай гуфт:

"Ман бори дигар аз Покистон даъват мекунам, мошини террорро, ки дар қаламраваш бидуни кайфар фаъолият мекунад, аз байн бибарад ва тамоми ҷинояткорони ҳамлаи Мумбайро ҳар чӣ зудтар ба муҷозот кашонад".


9 нафар аз ҳамлакунандагон дар ҷараёни задухӯрдҳо кушта шуданд ва танҳо шахси боқимондаро додгоҳи Мумбайи Ҳиндустон ба эъдом маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG