Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои музокира бо Меркел вориди Берлин шуд


Имрӯз Владимир Путин-нахуствазири Русия барои музокира бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон вориди Берлин шуд. Интизор меравад, ки онҳо сарнавишти саҳмияи 4,5 миллиард долларии ширкати "Рургаз"-и Олмон дар ширкати "Газпром"-и Русияро баррасӣ кунанд. Путин дар як маҷмаи иқтисодӣ низ суханронӣ мекунад. Қабл аз оғози боздид нахуствазири Русия пешниҳод кард, ки аз Лиссабон то Владивосток як қаламрави иқтисодӣ ташкил шавад, ки он тадриҷан метавонад ба қаламрави озоди иқтисодӣ табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG