Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмӯъмин Раҳимов барандаи Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид.

Мусобиқа оид ба футболи хурд бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе, дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, баргузор шуд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Зоҳир Ҳабибов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ, хабар дод.

Вай афзуд: «Дар ин мусобиқа, ки барои аввалин бор сурат гирифт, 12 тими макотиби олии шаҳри Душанбе ширкат дошт. Тими мизбон – Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд, бо Ҷоми ҲХДТ сарфароз гашт. Дастаи Донишгоҳи техникӣ ҷои дуввум ва тими Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷои саввумро касб карданд. Асрор Латифов, муовини раиси ҲХДТ, ва Маликшо Неъматов, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ба ғолибони мусобиқа, беҳтарин бозигарону мураббиён ва доварон тӯҳфаҳо тақдим намуданд».

Ба гуфтаи Зоҳир Ҳабибов, ташкилкунандагони мусобиқа тасмим гирифтанд, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, инчунин, оммавӣ гардидани бозии футбол байни донишҷӯён мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ мақоми ҷумҳуриявӣ касб карда, ҳар сол баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG