Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Туркия ба Исроил


Раҷаб Тайиб Ердӯғон, сарвазири Туркия

Раҷаб Тайиб Ердӯғон, сарвазири Туркия

Нахуствазири Туркия гуфтааст, агар Исроил ба Лубнон ё Ғазза ҳамла кунад, кишвараш сокит нахоҳад нишаст. Раҷаб Тайиб Ердуғон гуфтааст: «Магар Исроил фикр мекунад, метавонад вориди Лубнон шавад ва занону бачаҳоро бикушад ва мактабу бемористонҳоро вайрон кунад ва он гоҳ интизор дошта бошад, ки мо сокит бимонем?»

Раҷаб Тайиб Ердӯғон, сарвазири Туркия зимни сафари худ ба Лубнон инчунин афзудааст: «Оё Исроил фикр мекунад метавонад аз пешрафтатарин силоҳҳо, муҳимоти фосфорӣ ва бомбаҳои хӯшаӣ барои куштани бачаҳо дар Ғазза истифода кунад ва интизор ҳам дошта бошад, ки мо сокит бимонем?»

Раҷаб Тайиб Ердӯғон, ки равобити кишвараш бо Исроил ба вижа пас аз ҳамла ба корвони имдодрасонии дарёӣ ба Ғазза тира шудааст, дар идомаи суханонаш гуфт: «Мо сокит нахоҳем монд ва мо аз адолат бо ҳар васила, ки дар ихтиёр дорем, дифоъ хоҳем кард.»

Муносибатҳои Туркия пас аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза дар декабри соли 2008 дучори таниш шуд ва бо кушта шудани 9 шаҳрванди Туркия дар киштии имдодрасонӣ ба Ғазза дар соли 2010, ба шакли бесобиқае тира шуд.

Туркия, ки аз ин пеш наздиктарин муттаҳиди низомӣ ва дипломатикии Исроил дар минтақаи Ховари Миёна ба шумор мерафт, акнун бино ба гузоришҳои расонаҳои Туркия, дар санади Шӯрои амнияти милли худ аз Исроил ба унвони «таҳдиди раҳбурдӣ» (стратегӣ) ёд кардааст.

Давлати Анқара ва артиши Туркия дар тӯли ду даҳаи ахир паймонҳои раҳбурдӣ, ба вижа дар заминаи дифоӣ, амниятӣ ва низомӣ бо Исроил дошта аст ва артиши Туркия дар размоишҳои дуҷониба ё размоишҳои зери чатри НАТО бо артиши Исроил ҳамкориҳои танготанг доштааст.

Бар пояи гузоришҳои мунташиршуда, Шӯрои амнияти милли Туркия дар санади тозаи раҳбурдии худ навиштааст, ки «иқдомоти Исроил мумкин аст кишварҳои Ховари Миёнаро ба мусобиқаи таслиҳотӣ бикашонад.»

Ин санад роҳбурди мавқеияти Туркия дар панҷ соли ояндаро рӯшан кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG