Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми вазири нави дифоъи Кореяи ҷанубӣ эълон шуд


Кореяи ҷанубӣ имрӯз мушовири раиси ин ҷумҳурӣ дар масоили амниятиро вазири нави дифоъ эълон кард. Лӣ Ҳӣ -Вон ҷойнишини Ким Тае-Ёнг хоҳад шуд, ки дирӯз дар пайи интиқодҳо аз шеваи вокуниши кунду нокофии низомиён ба шиллики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи марзӣ истеъфо дод. Ба иддаои вакилони парлумон, мақомот ба ҳамлаи рӯзи сешанбе омода набуданд ва посухи низомӣ ба оташи тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ хеле кунд буд. Дар тирпарронии рӯзи 23 ноябр 2 маллоҳ ва 2 шаҳрванди мулкии Кореяи ҷанубӣ кушта шуданд. Сеул мегӯяд, шумори нирӯҳояшро дар ҷазираи Ёнпиёнг ва ҷазоири атрофи он башиддат афзоиш додааст.
XS
SM
MD
LG