Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама ба муносибати Рӯзи Сипос


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми солонааш ба муносибати Рӯзи Сипос ба ваҳдат даъват кард ва гуфт, медонад ки бисёри амрикоиҳо имрӯз бо қалби пурдард пушти мизи зиёфати Сипос менишинанд. Обама гуфт, азбаскӣ бисёри хонаводаҳои Амрико чунин ҳол доранд, мо бояд мувозеҳи ҳоли ҳамдигар бошем. Рӯзи сипос миллионҳо амрикоиро гирди мизи зиёфате меорад, ки аз ғизоҳое, чун гӯшти мурғи марҷон, пюреи картошка ва самбусаи кадугӣ иборат аст.
Собиқаи ин ид ба соли 1621 бармегардад, ки гуфта мешавад, нахустин муҳоҷирони аврупоӣ, ки дар Плимут, минтақае дар аёлати Массачуссетс, аз як зимистони сахт бо кумаки мардуми бумӣ наҷот ёфтанд, ба нишони сипос барои ҳиндуҳо хони зиёфат оростанд. Аммо бархе муаррихон ба ин таърих бо шубҳа нигоҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG