Пайвандҳои дастрасӣ

Русия транзити зиреҳпӯшҳоро ба НАТО иҷозат медиҳад


Русия бо тамдид ва тавсиъаи қарордоди транзитиаш ба НАТО иҷозат хоҳад дод, ки то зиреҳпӯшҳои худро тавассути қаламрави Русия ба Афғонистон интиқол диҳад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ин бора дар мулоқот бо ҳамтои афғонаш Залмай Расул хабар дод. Лавров гуфт, барои транзити зиреҳпӯшҳои муҷаҳҳаз бо таслиҳоти дифоъ аз мина муроҷиат шудааст. Аммо намояндаи Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин гуфт, ин қарордод транзити зиреҳпӯшҳоеро, ки дар амалиёти ҷангӣ кор бурда мешаванд, иҷозат намедиҳад.
Мақомоти НАТО то ҳол ҷузъиёти қарордоди нав бо Русияро ташреҳ накардаанд. Маскав қаблан танҳо транзити таҷҳизоти ғайринизомӣ ба Афғонистонро ба НАТО иҷозат медод.
XS
SM
MD
LG