Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария қонуни муҳоҷираташро шадид мекунад


Швейтсария рӯзи якшанбе дар як райъпурсии саросарӣ бояд дар мавриди ташдиди қонуни муҳоҷираташ тасмим бигирад. Бар асоси тарҳи пешниҳодӣ, муҳоҷирони хориҷие, ки дар ҷиноёти сангине, чун таҷовуз ба номус, ғоратгарӣ ё қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта мешаванд, бидунги тардид аз Швейтсария ихроҷ хоҳанд шуд. Ин раъйпурсӣ бо даъвати ҳизби ростгарои мардумӣ доир мешавад. Як сол қабл мардуми Швейтсария дар як райъпурсии саросарӣ бунёди манораҳои масоҷиди навро дар кишвар манъ кард.
XS
SM
MD
LG