Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти пулис дар Рио-де Жанейро


Пулиси Бразилия дар шаҳри Рио-де-Жанейро таҳти ҳимояти 6 зиреҳпӯш бо ҳадафи саркӯбии тоҷирони маводи мухаддир, ки дар хушунатҳои густардаи рӯзҳои охир дар шимоли ин шаҳр айбдор мешаванд, вориди як маҳаллаи фақиронаи Вила Крузейро дар соҳили уқёнуси Атлас шуд. Мақомот мегӯянд, фурӯшандагони маводи мухаддир ба хотири пешгирӣ аз амалиёти пулис мошинҳоро оташ зада, тир кушодаанд.
Дар мавҷи нави хушунатҳое, ки дар ин минтақа аз поёни ҳафтаи гузашта идома доранд, дастикам 30 нафар кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, қочоқбарон дар пайи ронда шудани онҳо аз маҳаллаҳои дигар ба Вила Крузейро басиҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG