Пайвандҳои дастрасӣ

Путин баъди Душанбе ба Олмон рафт


Сарвазири Русия Владимир Путин дар пайи боздидаш аз Душанбе барои музокирот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел вориди Берлин шуд. Мавзӯъи аслии баҳси имрӯзаи онҳо сарнавишти 4,5 миллиард доллар саҳми ширкати олмонии “E.ON Ruhrgas” дар “Газпром”-и Русия хоҳад буд.
Путин дар як форуми иқтисодӣ низ суханронӣ хоҳад кард.
Қабл аз сафараш, Путин таъсиси як минтақаи озоди тиҷоратӣ дар густураи бузурге аз Лисабон то ба Владивостокро пешниҳод кард. Аммо ӯ вуҷуди ҳаққи раводиди сафар ба ИА барои атбоъи Русияро бузургтарин мониа дар ин роҳ номидааст.
XS
SM
MD
LG