Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъи Кореяи ҷанубӣ истеъфо дод


Вазири дифоъи Кореяи ҷанубӣ Ким Тае-Ёнг дирӯз дар пайи интиқодҳо аз шеваи вокунишаш ба шиллики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи ҷануб истеъфо дод. Бино бар иддаои вакилони парлумон, мақомот ба ҳамлаи рӯзи сешанбе омода набуданд ва посухи низомӣ ба оташи тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ хеле кунд буд. Бар асари тирпарронии рӯзи 23 ноябр 2 маллоҳ ва 2 шаҳрванди мулкии Кореяи ҷанубӣ кушта шуданд. Сеул мегӯяд, шумори нирӯҳояшро дар ҷазираи Ёнпиёнг ва ҷазоири атрофи он башиддат афзоиш додааст. Дар ҳамин ҳол, Чин пиромуни машқи муштараки нирӯҳои баҳрии Амрикову Кореяи ҷанубӣ, ки рӯзҳои наздик бояд баргузор шавад, изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG